LIVE

Кӣ чемпиони Осиё мешавад? "Персеполис" ё "Улсан"


   Барои  муйян намудани қаҳрамони Осиё дар соҳаи футбол  лаҳзаҳои башумор боқӣ мондааст.      Дастаҳои “Персеполис”-и Ҷумҳурии исломии Эрон  ва “Улсан Хёндэй”-и  Кореяи Ҷанубӣ барои ҷоиза  тамоми   кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳанд.  

  Дастаи “Персеполис” қаҳрамони бисёркаратаи Эрон ба шумор рафта,  финалисти   Лигаи чемпионҳои Осиё дар соли 2018   мебошад.  Сармураббии даста  Яҳё Гулмуҳаммадӣ  гуфтааст, ки ба бозии тақдирсоз омодааст ва ба дастпарварони худ боварии комил дорад.   

    Бошгоҳи “Улсан” бошад,  соли 2012 ғолиби ЛЧО шуда, 2 карата  чемпиони кишвар мебошад.  Сармураббиги тимро коршиноси маҳаллӣ Ким До Хун бар уҳда дорад.

    Вохӯрии финалии имсола дар варзишгоҳи  “Ал Ҷануб”-и  Қатар доир мешавад. Ҳарду ин дастаҳо   хати ҳамла ва нимҳимояи бомаҳорат доранд.   Маҳз ҳамин нукта барои  ба ин зина расиданашон муоидат намудааст. 

    Дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё “Улсан Ҳюндай” бар «Виссел Кобе»-и Ҷопон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. «Персеполис» бошад, аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар «Ал Наср»-и Арабистони Саудӣ ғалаба кард. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Мутахассиссон   бартариро    дар ин набард бар   “Персеполис” медиҳанд, вале  “Улсан” ҳам имсол аз худ иродаи қавӣ нишон медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив