LIVE

Охирин тамринҳои "Истиқлол" пеш аз бозӣ бо "Персеполис"

Дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон охирин тамринҳои худро пеш аз бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Осиё муқобили тими "Персеполис"и Эрон анҷом дод. Бошгоҳи "Истиқлол" ба ин бозии таърихии омодагии хуб дорад. Тибқи иттилои иҷрокунандаи вазифаи сармураббии "Истиқлол"  Мубин Эргашев дар бозии дарпешистода  Анрей Мишенко ва Рустам Ятимов ширкат намеварзанд. Ёдовар мешавем, ки "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот  бо дастаҳои "Ал Ҳилол", "Шабоб Ал Аҳли" ва АГМК-и Ӯзбекистон рақобат карда,  аз зинаи якуми ҷадвал ба марҳилаи плей-офф баромад. Ин  имкон дод, то бозии даври 1/8 ниҳоиро "Истиқлол" дар майдони худ доир кунад. Ҳайати бозигарони "Истиқлол"  иброз намуданд, ки аз дастгирии мухлисон умеди калон дошта,  боварии комил доранд, ки бо кӯмаки онҳо  ба мақсад мерасанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив