LIVE

Бозии рӯз: "Хуҷанд" бо "Насаф" рақобат мекунад

Дар толори маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе нишастҳои матбуотии пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО  дар гурӯҳи "F"  баргузор шуд. Аз дастаи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ сармураббии тим Рустам Хоҷаев ва бозингари ин даста Дилшод Бозоров иштирок намуданд. Дилшод Бозоров ҳамлавари дастаи "Хуҷанд" қайд намуд, ки бозии аввал барои мо санҷишӣ буд. Дар бозӣ бар муқобили дастаи пурқуввати гурӯҳ талош мекунем, то соҳиби имтиёз шавем. Мо дар назди мухлисони худ бозӣ мекунем ва ин барои мо қувваи иловагӣ медиҳад. 
Садрнишини гурӯҳ тими “Насаф”-и Ӯзбекистон, пас аз пирӯзии пургол дар баробари  “Олой”-и Қирғизистон, акнун муқобили дастаи "Хуҷанд" ҳунарнамоӣ мекунад.  Сармураббии "Насаф" Рузиқул Бердиев дар нишасти хабарӣ гуфт,

то ҳол дастаи ӯ бозии худро ба намоиш нагузоштааст. Мо медонистем, ки дастаи "Олой" начандон тими пурқувват аст. Аз ин рӯ  тамоми талоши худро ба харҷ надодем. Бовар дорам, ки дар баробари ноибқаҳрамони Тоҷикистон мо соҳиби имтиёз мегардем.

Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюм тими "Насаф" бо дастаи "Хуҷанд" дидор мекунад. Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО санаи 17-уми май баргузор мегардад.  Бозии дастаҳои “Хуҷанд” – “Насаф”-ро  ТВ Варзиш ва Футбол имшаб соати 21-00 мустақиман манзури бинандагон мегардонанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив