LIVE

Омодагии "Хуҷанд" барои Ҷоми КФО ҷараён дорад

Бошгоҳи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон омодагиҳои худро ба бозиҳои муҳими мавсим яъне Ҷоми КФО идома дода истодааст. Дастаи Рустам Хоҷаев ба бозии аввали худ, ки санаи 14-уми май бо “Алтин Асир”-и Туркманистон баргузор мекунад дар  омодагӣ мебинад. 
То оғози бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи мазкур, ки ду рӯзи дигар боқӣ  мондааст, дастаи Рустам Хоҷаев дар як рӯз ду маротиба дар майдони марказии ҷумҳуривӣ тамринҳоро ба роҳ мондааст. Ба иттилои сармуруббӣ тамоми ҳайати даста аз ҷиҳати ҷисмонию равонӣ омодаанд ва метавонанд дар баробари дилхоҳ рақиби худ арзанда ҳунарнамоӣ намояд. Ёдовар мешавем, ки дастаи "Хуҷанд" пеш аз оғози мавсим дар Туркия  машқҳои дастаҷамъона баргузор намуд. 
Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории мусобиқаи Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи "F" интихоб кардааст, ки "Хуҷанд" шомили он аст. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО  дар минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “F” рақибони “Хуҷанд”, “Насаф”-и Ӯзбекистон, “Алтин Асир”-и Туркманистон ва "Олой"-и Қирғизистон ба ҳисоб мераванд.  Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамарказ аз 14-ум то 20-уми май дар як давр баргузор мешавад. Тими "Хуҷанд"-и Тоҷикистон санаи 14-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  бо тими “Алтин Асир”-и Туркманистон неру месанҷад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив