LIVE

Рақибони “Равшан” ва "Хуҷанд" дар Ҷоми АФК маълум шуданд

Чанд лаҳзе пеш маросими қуръакашии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 сурат гирифт. Дар ин мусобиқа имсол ду дастаи футболи Тоҷикистон - “Хуҷанд” ва “Равшан” баромад мекунанд ва ҷараёни қуръакашӣ рақибони онҳоро муайян кард. Дар минтақаи марказӣ 7 даста ба ду гурӯҳ тақсимбандӣ шуданд. Тибқи он дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб шомили гурӯҳи "E" гардида, бо дастаҳои “Дордой”-и Қирғизистон ва “Аҳал”-и Туркманистон рақобат мекунад.  Бошгоҳи “Хуҷанд” бошад, дар гурӯҳи "F" бо тимҳои АГМКА ё “Насаф”-и Ӯзбекистон, “Алтин Асир”-и Туркманистон ва “Олой”-и Қирғизистон барои баромадан ба марҳилаи навбатӣ талош мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив