LIVE

Тамринҳои охирини "Олой" барои бозӣ бо "Насаф"

Дастаи "Олой"-и Қирғизистон ҷиҳати ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC тамринҳои оихрини худро пеш аз бозии даври аввали   марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар гурӯҳи   "F"  баргузор намуд. Ин дастаи шаҳри Ош вохӯрии якуми худро 14 май бо тими "Насаф"-и Ӯзбекистон баргузор мекунад. Сармураббии бошгоҳи “Олой” мутахассиси тоҷик Нуъмонҷон Юсупов аст. Ӯ зикр намуд, ки рақибонашон дастаҳои пурқувватанд. Иҷрои вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудааст, каме душвортар аст, вале мекӯшанд,  то хуб бозӣ кунанд. Ёдовар мешавем, ки "Олой" барандаи Ҷоми Қирғизистон мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив