LIVE

Мусовии "Хуҷанд" ва шикасти "Равшан" дар даври аввали Ҷоми КФО-2021

Бошгоҳҳои Тоҷикистон - ноиби қаҳрамони кишвар "Хуҷанд" ва соҳиби Ҷоми миллии кишвар дастаи "Равшан" -и Кӯлоб аввалин бозиҳои худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 баргузор карданд. Дар мусобиқаи мутамаркази гурӯҳи "F", ки дар Душанбе ҷараён дорад, "Хуҷанд" бо қаҳрамони Туркманистон "Алтин Асир" -и Ашқобод мусовӣ 2:2 намуд. Голҳои дастаи моро Артем Сердюк ва Дилшод Бозоров ба нишон расониданд.
Акнун дар даври дуввум "Хуҷанд" бо дастаи "Насаф" -и Ӯзбекистон бозӣ мекунад, ки дар оғози мусобиқа "Алай" -и Ошро бо натиҷаи калони 4:0 мағлуб намуда буд. Ин дидор рӯзи душанбеи 17 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:05 оғоз мешавад.
Дар гурӯҳи "Е", ки мизбони он шаҳри Бишкек аст, дастаи "Равшан" -и Кӯлоб аз "Аҳал" -и Туркманистон бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Далер Шомуродов муаллифи ягона голи дастаи Кӯлоб гардид. Бозии навбатӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 "Равшан" рӯзи панҷшанбеи 20 май бо қаҳрамони Қирғизистон "Дордой" бозӣ мекунад.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «F». Даври 1-ум
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2
Голҳо: Алтимурат Аннадурдиев, 15 (1:0). Артём Сердюк, 25 (1:1). Дилшод Бозоров, 41 (1:2). Алтимурат Аннадурдиев, 44 (2:2).

14 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4100 тамошобин. 
«Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алай» (Қирғизистон) – 4:0
Голҳо: Суҳроб Нуруллоев, 53 (1:0). Шоҳмалик Комилов, 59 (2:0). Ҳусайн Норчаев, 64 (3:0). Ҳусниддин Алиқулов, 75 (4:0).
14 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 800 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив