LIVE

“Равшан” Ҷоми ФФТ-ро бо ғалаба оғоз кард

Дар варзишгоҳҳои марказии шаҳри Душанбе ва Ҳисор марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ оғоз гардид. Дар бозии аввал дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ва “Мастчоҳ”- и ноҳияи Мастчоҳ ба ҳам омаданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 5 бар 2 ба суди футболбозони шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид. Дар оғози бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 4-ум ҳамлавари “Равшан” - Наврӯз Рустамов ҷаримаи 11 метраро бехато иҷро намуда, ҳисобро кушод. Бо гузораи 7 дақиқа Муҳсин Рустамзода аз дастаи “Мастчоҳ” таносубро барқарор намуд. Гуаве Алфред Окаи легионери дастаи “Равшан” дар дақиқаи 41-уми дидор як ҳолати зеборо ба гол табдил дода дубора дастаашро ба пеш баровард. Қисми аввал бо ҳамин натиҷа поён ёфт. Дар дақиқаи 70-ум  футболбози дастаи “Мастчоҳ” - Салоҳиддин Одиназода баробариро дар ҳисоб таъмин сохт. Аз дақиқаи 80-ум то охири дидор шогирдони Ғайраталӣ Мираҳмадов ба дарвозаи футболбозони ин дастаи вилояти Суғд 3 гол заданд. Дар  дақиқаи 80-ум Аваз Қамчинов ҳисобро 3 бар 2 намуд. Дар дақиқаи 90-ум бошад, Шодӣ Муродов голи чоруми дастаашро зад. Дар дақиқаи 2-юми изофа бошад,  Далер Чалов ба бозӣ нуқта гузошт. Бо ҳамин тартиб дар рақобати аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи “А” дастаи “Равшан” бо ҳисоби калони 5 бар 2 “Мастчоҳ”-ро шикаст дод. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив