LIVE

Дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта миёни бозигарони «МЮ» кӣ ғолиб шуд?

Бозингарони «Манчестер Юнайтед» дар утоқи либоспӯшӣ миёни ҳам ҷангу хархашаро ташкил намудаанд. Ва ин ҳатто пеш аз бозӣ бо “Брентфорд” рӯй додааст. 
Чунин ба назар мерасад, ки Тен Хаг аз уҳдаи назорати даст  баромада наметавонад. Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта пас аз тамрин миёни бозигарон занозанӣ сар задааст. Маълум нест, ки дар ин задухӯрд кӣ иштирок доштааст. Аммо сабабҳои зиёд вуҷуд дорад:
Бозингарон аз мағлуб шудан хаста шудаанд. Ба назари онҳо чунин менамояд, ки бо омадани сармураббии нав  чизе ба сӯи беҳтар тағйир наёфтааст. Талабот рӯз то рӯз танҳо сахттар мешавад, аммо натиҷа ҳамона қонеъ кунана нест. 
Бозингарон аз Криш хаста шудаанд. Яке меравад, яке мемонад, баъд мехоҳад, ки тарк кунад, аммо ин тавр намешавад. Бисёриҳо интизори лаҳзае ҳастанд, ки Роналду бояд такри даста намояд.  Тен Хаг ҳам – намедонад, ки чӣ тавр бо ҳамлагари португалӣ муносибат кунад. 
Онҳо инчунин капитан будани Магуайрро намехоҳанд. Бо ӯ мушкилиҳо дучанд шудаанд ва ивази сарбонро дар даста талаб доранд. Ба бисёр одамон номзадии Гарри Магуайр маъкул нест.
Аммо ба ин нигох накарда, Тен Хаг рӯзи истирохати бачахоро бекор карда, онхоро барои давидан дар гармй фиристод. Футболбозон акнун бештар афсурда шудаанд. 
Оё нафаре ҳаст, ки “Манчестер Юнайтед”-ро наҷот диҳад?

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив