LIVE

Ҷейми Каррагер: "Ҳеҷ кас дар Аврупо Роналдуро намехоҳад..."

Собиқ бозигари тими «Ливерпул» ва мунтахаби Англия Ҷейми Каррагер дар бораи вазъи душвори Криштиану Роналду дар «Манчестер Юнайтед» изҳори назар кард.

"Ман ҳамеша фикр мекардам, ки ин як трансфери аҷиб аст. Ҳамеша чунин менамуд, ки ин лаҳза фаро мерасад, ҳатто агар Роналду қаблан хуб бозӣ мекард. Дар марҳилаи муайяни касбатон бояд фаҳмед, ки шумо дигар яксон нестед. Корномаи Роналду дарозтар шуд, зеро вай хеле касбӣ аст.

Аммо вай 37-сола аст, дар ин мавсим 38-сола мешавад. Ӯ ҳоло ҳам нишонзани олӣ аст, аммо Криштиану мисли пештара нест.

Шояд хато кунам, аммо ҳеҷ як клуби Аврупо ҳоло ӯро намехоҳад. Дар айни хол "Манчестер Юнайтед" аз Роналду халос шуда наметавонад, зеро дар Аврупо касе ӯро намехохад. Ба фикрам агар аз тен Ҳаг пурсед, мегӯяд, ки ба ӯ Роналду лозим нест. Ва ман комилан итминон дорам, ки бозигарони «Манчестер Юнайтед» намехоҳанд Криштиануро дар даста бубинанд», - гуфтааст Каррагер.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив