LIVE

Де Лигт дар бораи хислати Криштиану Роналду сухан гуфт

Муҳофизатгари "Бавария" - Маттейс де Лигт назари худро нисбати ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" - Криштиану Роналду чунин баён намуд. 
«Вай хислати олиҷаноб дорад, бо ҳамдастаҳо ва бозигарони ҷавон бисёр сӯҳбат мекунад ва ҳамеша омода аст, ки кӯмак кунад. Вай ба наздикӣ 38-сола мешавад, ба 24-сола монанд аст ва ҳоло ҳам голҳои худро мезанад. Шумо танҳо метавонед ӯро қадр кунед. Вай дар “Ювентус” кори хуб кард, голҳо зад ва ҳамсафари олӣ буд. Агар шумо аз ман пурсед, ки беҳтарин бозигари ҷаҳон дар дохили ҷаримагоҳ кист, ман мегӯям, ки Роналду. Шумо ҳамеша бояд ӯро назроат кунед,  вагарна ӯ гол мезанад" гуфтааст Де Лигт.  
Ёдовар мешавем, ки де Лигт ва Роналду дар ҳайати “Ювентус” якҷоя бозӣ мекарданд. Ҳамлагари португалӣ соли 2021 дастаро тарк кард. Де Лиги, дар навбати худ, дар равзанаи интиқоли тобистона ба “Бавария” гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив