LIVE

Агбонлаҳор: "Сулшер бо даъвати Роналду иштибоҳи бузург кард".

Собиқ ҳамлагари «Астон Вилла» Габриэл Агбонлаҳор бовар дорад, ки ҳамлагар Криштиану Роналду бояд тобистони соли ҷорӣ «Манчестер Юнайтед»-ро тарк кунад.
"Шояд шумо пай бурдед, ки пас аз омадани Роналду нақши Фернандеш чӣ гуна тағир ёфтааст. Пеш аз ин, Бруну бозигари асосӣ буд. Ҳоло Роналду сарварӣ мекунад.
Роналду дар муқобили «Вулверхэмптон» капитан буд. Пеш аз омадани Криштиану, Фернандеш одатан дар набудани Магуайр капитан буд ва ҳоло ӯ дар курси бозигарони захиравӣ қарор дорад. Фишор дар ҳайати даста ба амал омад.
Агар шумо ба вазъ дар маҷмӯъ назар андозед, Сулшер мефаҳмад, ки ҳангоми даъвати Роналду хато кардааст. Ҳамааш ҳамин. Бале, Роналду гол мезанад, аммо инҳо голҳое ҳастанд, ки Гринвуд ва Рэшфорд дар ин мавқеъ агар бозӣ намоянд метаонанд гол зананд.  Дар тобистон бояд ба Роналду иҷозат бидиҳанд, ки тарки даста намояд. Бигзор Гринвуд, Санчо ва Рэшфорд якҷоя бозӣ кунанд " гуфтааст Агбонлаҳор.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив