LIVE

“Бавария” ба “Ювентус” барои де Лигт 80 млн евро медиҳад

«Бавария»-и Мюнхен бо «Ювентус» дар мавриди гузариши муҳофизатгари ҳоландӣ - Маттейс де Лигт ба мувофиқа расиданд.  Ба иттилои манбаъ, "Бавария" барои ин трансфер ба бошгоҳи Турин 80 миллион евро пардохт мекунад. Қобили зикр аст, ки де Лигт бо бошгоҳи Мюнхен то соли 2027 шартнома баст. Де Лигт аз соли 2019 дар ҳайати “Ювентус” бозӣ мекунад ва ба он ҷо аз «Аякс» гузашт. Де Лигт дар мавсими гузашта дар тамоми мусобиқаҳо 42 бозӣ анҷом дода, ба задани 3 гол ва 1 партофти головар даст ёфтааст. Аз соли 2017 де Лигт дар тими миллии Ҳолланд бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ 38 бозӣ гузаронида, ду гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив