Нимҳимоятгари португалии "Лилл" Ренату Саншеш аз муоинаи тиббӣ барои "ПСЖ" бомуваффақият гузашт, хабар медиҳад Footmercato.
Ба иттилои манбаъ, қарордод миёни ҷонибҳо имрӯз ба имзо мерасад. Клуби фаронсавӣ барои футболбоз 15 миллион евро мехоҳад.
ПСЖ ва "Милан" кайҳо боз ба нимҳимоятгари 24-солаи португалӣ таваҷҷуҳ доранд, аммо ҳеҷ кадоме аз клубҳо то ҳол натавонистанд қарордодро пурра анҷом диҳанд. Сарфи назар аз он ки «россонери» ба «Лилл» маблағи зиёдтарро пешниҳод карда буд, вале тибқи баъзе сарчашмаҳо Саншеш мунтазири пешниҳоди дастаи Париж аст.
Ёдовар мешавем, ки Саншеш соли 2019 аз "Бавария" ба "Лилл" гузашт. Футболбози португалӣ дар мавсими гузашта дар Лига 1 25 бозӣ карда, ба задани ду гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст. Саншеш аз соли 2016 ба тими миллии Португалия даъват шудааст.