LIVE

ПСЖ барои форварди "Милан" € 70 млн ҷудо кардааст

Ҳамлагари “Милан” Рафаэл Леоу метавонад фаъолияти худро дар Лигаи 1-и Фаронса идома диҳад. "Пари Сен-Жермен" ба ин бозигари 22-сола таваҷҷӯҳ дорад, хабар медиҳад La Gazzetta dello Sport.

Ба иттилои манбаъ, клуби парижӣ омода аст, ки барои ҳамлагари португалӣ 70 миллион евро пардохт кунад. "Милан" мехоҳад барои фурӯши Леоу 100 миллион евро ба даст орад. Ба ҷуз ин  «россонериҳо» омодаанд, ки ба португалӣ шартномаи нав бо се баробар афзоиши маош пешниҳод кунанд - аз 1,5 миллион евро дар як сол то 4,5 миллион евро дар як сол.

Леоу аз моҳи августи соли 2019 дар «Милан» бозӣ мекунад ва он ҷо аз "Лилл" ба маблағи 29,5 миллион евро гузашта буд. Шартномаи бозигар бо бошгоҳ то моҳи июни соли 2024 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив