LIVE

«Реал» дар бораи гузариши Тчуамени расман хабар дод

Нимҳимоятгари дастаи “Монако” ва тими миллии Фаронса Арелен Тчуамени ба “Реал Мадрид” гузашт, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи испанӣ. Футболбози 22-сола бо «Реал Мадрид» шартномаи шашсола ба имзо расонид.
Муаррифии Тчуамени ҳамчун бозигари нави “Реал” рӯзи 14 июн баргузор мешавад. Қабл аз ин, нимҳимоятгари фаронсавӣ аз муоинаи тиббӣ мегузарад.
Тчуамени дастпарвари «Бордо» аст, ки соли 2020 ба “Монако” бо маблағи 18 миллион евро гузариш карда буд.  Аз соли 2021 Тчуамени ба тими миллии Фаронса даъват мешавад. Мабағи гузариши  бозигари тими миллии Фаронса ба бошгоҳи мадридӣ 100 млн евраро дар бар мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив