LIVE

“Реал” бо бразилии чаққони “Фламенго” ба мувофиқа расид.

“Реал”-и Мадрид дар хусуси гузариши бозингари 17-солаи бошгоҳи Фламенго Рейниер ба сафи “бланкос” ба мувофиқа расидааст.—хабар медиҳад журналисти Sky Sport Italia  Фабрисио Романо  дар сафҳаи “твиттер”-и худӣ.
 Бозингари номбурда аллакай аз  муоинаи тиббӣ гузашта, дар ин масъала ягон мушкилоте ҳам вонамуд нашудааст. Ин нимҳимоятгари бразилӣ  бо ҷониби мадридӣ қарордоди се сола баста, маблағи харидкунии бозингар Рейниер 35 миллион евроро ташкил медиҳад.
Қобили қайд аст,ки Рейнер  санаи 19-уми январ 18 сола шуда, эҳтимолан аз хусуси гузариши ин бразилӣ расман маҳз пас аз ҳамин сана эълон карда мешавад.
 Дар мавсими қаблӣ Рейниер дар 15 бозӣ дар ҳайати “Фламенго” ба майдон омада,   шаш гол  ва ду партофти головар дар омор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив