LIVE

Ба ҳайати «Реал» боз як бразилии дигар мепайвандад

Ниммуҳофизатгари дастаи «Фламенго»-и Бразлия Рейнйер бо тими маъруфи «Реал» шарнома мебандад. Ба иттилои бархе аз сарчашмаҳои хабарӣ, ҷонибҳо дар мавриди гузариши ниммуҳофизатгари 17 сола ба мувофиқа расидаанд. Дар навбати аввал бозикуни бразилӣ дар ҳайати ҷавонон бозӣ хоҳад кард. Дар ин мавсим Рейнйер дар 15 вохӯрӣ бо пироҳани «Фламенго» ба майдон баромада, ба задани 6 гол даст ёфтааст. Маблағи гузариш 25 млн € гуфта мешавад. Барои ин футболбози 17 сола қаблан тимҳои муқтадир ба монанди - Барселона, Манчестер Сити, Атлетико, Арсенал ва ПСЖ низ талош доштанд, аммо дар ниҳоят Рейнйер бошгоҳи шоҳонаро интихоб кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив