LIVE

«Реал» мехоҳад Хамес тарки Мадрид намояд

Бошгоҳи англисии «Эвертон» талошд дорад то ниммуҳофизатгари  колумбиягии «Реал» - Хамес Родригесро ба Англия биорад. Бозигари 28 сола дар қисмати аввали мавсим дар ҳайати асосӣ набуд ва ҳунари ӯ сармураббии тими мадридиро қонеъ накардааст. Президенти «Реал» Флорентино Перес пешниҳди дастаи ливерпулиро қабул намуд ва барои ӯ  «Эвертон» 42 млн €  пешниҳод кардааст. Хамес, ки қаблан ҷароҳат бардошта буд, феълан дар ҳолати барқароршавӣ қарор дорад ва баъд аз танаффус имкони ба майдон баромаданро пайдо хоҳад кард. Сармураббии ҷадиди бошгоҳи «Эвертон»  мақсад дорад, то дигарбора бо ин футболбози 28 сола кор кунад, зеро Хамес зери роҳбарии Карло Анчелотти қаблан дар тимҳои “Реал” ва “Бавария” низ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив