LIVE

Анчелотти футболбози “Реал”-ро ба "Эвертон" даъват кард

Хавбеки бошгоҳи шоҳонаи  “Реал” - Родригес имкони ҳамкорӣ кардан бо мураббии собиқи хеш, Карло Анчелоттиро пайдо кардааст. Мутахассиси итолёвӣ   ниммуҳофизатгари мунтахаби Колумбияро дар дастаи "Эвертон" дидан мехоҳад. Хамес, ки қаблан ҷароҳат бардошта буд, феълан дар ҳолати барқароршавӣ қарор дорад ва баъд аз танаффус имкони ба майдон баромаданро пайдо хоҳад кард. Сармураббии ҷадиди бошгоҳи ливерпулиҳо мақсад дорад, то дигарбора бо ин футболбози 28 сола кор кунад, зеро Хамес зери роҳбарии Карло Анчелотти қаблан дар тимҳои “Реал” ва “Бавария” бозӣ кард. Дар навбати худ ситораи колубиягӣ аз гузариш ба Гудисон Парк зид нест ва мадридиҳо барои ин футболбози худ аз 45 млн то 75 млн евро маблағ талаб доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив