LIVE

Н'Голо Канте тобистон бозигари "ПСЖ" мешавад

Нимҳимоятгари "Челси" Н'Голо Канте тобистон ба дастаи "ПСЖ" мегузарад.
Ба иттилои The Telegraph,  бошгоҳи шаҳри Париж хоҳиши бастани қарордод бо футболбози 30-соларо дорад.  Канте дар рӯйхати асосии бошгоҳи фаронсавӣ барои равзанаи гузариши тобистона қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки тобистони соли гузашта ПСЖ низ кӯшиш кард, ки Кантеро ба даст орад, аммо роҳбарияти «Челси» аз фурӯши нимҳимоятгар қатъиян худдорӣ кард. Ёдовар мешавем, ки Канте соли 2016 аз “Лестер Сити” ба “Челси” гузашт. Дар мавсими ҷорӣ футболбози фаронсавӣ дар 16 бозии Премйер-Лига ширкат карда, 2 гол ва 2 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив