LIVE

“Челси” бидуни Канте сафар карданист

Бошгоҳи лондонии “Челси” нақша дорад, ки ниммуҳофизатгари худ Н’Голо Кантеро фурӯшад. Ба маълумоти L’Equipe  мураббиёни “ашрофзодаҳо” бисёр мехоҳанд, ки Н’Голо дар ҳайат бошад, аммо роҳбарияти клуб қудрати нигоҳдошташро дар даста надоранд, зеро бошгоҳҳои муқтадир ба ӯ пешниҳодҳои ҷолибтар кардаанд ва метарсанд, ки дар охир қаҳрамони ҷаҳонро ройгон аз даст медиҳанд. Ба ҳамин хотир бо мақсади дарёфти маблағи муайян арзишашро дар бозори гузаришҳо дақиқ карданд. Дар сарчашма хабар дода мешавад, ки “Челси” арзиши Кантеро 70 млн евро арзёбӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки харидорони Канте дар бозори ҷаҳонӣ кам нестанд, дастаҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба монанди “Барселона”, “Реал” “Ювентус” ва “Пари Сен-Жермен” талоши ба даст оварданашро доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив