LIVE

Тамоми довталабон аз хариди Дембеле даст кашиданд

Бошгоҳи “Барселона” нақша дорад, ки дар ояндаи наздик аз ҳамлавар Усмон Дембеле ҷудо шавад. Ба маълумоти сарчашма “нилунориҳо” омодаанд, ки қаҳрамони ҷаҳонро бо арзиши 60 млн евро фурӯшанд. Айни замон баъзе аз бошгоҳҳои муқтадири сайёра гирифтори бӯҳрон гардидаанд, ки пайдо намудани чунин миқдори маблағ барояшон душвор аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло Усмон дар марҳилаи барқароршавии саломатиаш мебошад. Усмон Дембеле соли 2017 бо арзиши 125 млн евро аз тими “Боруссия” ба “Барселона” гузариш намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаҳои футболи "Тоттенхем", "Челси", "Интер" ва "МЮ" ба ин ҳамлагари дастаи "Барселона" таваҷҷуҳ доштанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив