LIVE

Ивази бозингарони «Челси» ва «Реал»

Расонаҳои хабарии испанӣ Don Balon ва El Desmarque иттиллоъ медиҳанд, ки тобистони имсол дастаҳои «Реал» ва  «Челси» бозикунони худро иваз карданианд. Н'Голо Канте ба Мадрид меояд, ва аз ҷониби дигар Иско ба Лондон кӯч мебандад. 
«Челси» зимистон хоҳиши бастани шартнома бо ниммуҳофизатгари испаниро дошт, аммо ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд. «Реал» ба ниммуҳофизатгари дастаи  лондонӣ - Н'Голо Канте, таваҷҷуҳ дорад ва худи футболбози мунтахаби Фаронса барои ин гузариш ҳавасманд аст.  
Феълан гуфтушунидҳо дар масъалаи молиявӣ ҷараён доранд. Лондониҳо мақсад доранд, ки  «Реал» ба онҳо боз маблағ пардохт намояд. Қаблан  Иско хоҳиш дошт, ки ба «Манчестер Сити» гузарад, аммо шаҳриҳо баъд аз он, ки дучори мушкилӣ шуданд, аз хариди ӯ даст кашиданд.  Феълан «Челси» ягона довталаб барои Иско маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив