LIVE

Роналду қабл аз даври 1-уми ПЛА "МЮ"-ро тарк мекунад

Ҳамлагари португалии «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду мехоҳад, ки пеш аз бозии аввали мавсими нав дар Премйер-Лига дастаро тарк кунад, хабар медиҳад AS.

Гуфта мешавад, ки барои Роналду мавсимро дар як клуб оғоз кардан ва дар дигар клуб идома додан ғайриоддӣ хоҳад буд. Дар робита ба ин, ӯ мехоҳад, ки пеш аз оғози мавсими нави Премйер-Лига дастаи "Манчестер Юнайтед"-ро тарк кунад.

Хабар дода мешавад, ки агенти Роналду Жорже Мендеш тӯли чанд ҳафта бо чанд бошгоҳи бузурги аврупоӣ, аз қабили "Барселона", "Атлетико", "Челси", "Бавария", "Наполи" мулоқот ва гуфтугӯҳо дошт, аммо хабар дар бораи пешниҳодҳои мушаххас нест.

«Манчестер Юнайтед» бозии даври 1-уми ПЛА-ро 7 август бо «Брайтон» мегузаронад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив