LIVE

Роналду ба «МЮ» хабар додааст, ки хоҳиши лағви шартномаро дорад

Криштиану Роналду ба роҳбарияти дастаи «Манчестер Юнайтед» хабар додааст, ки қарордоди ҳамкориро бекор мекунад. Ба иттилои манбаъ, ӯ ният дорад дастаеро пайдо кунад, ки дар мавсими оянда дар Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ кунад. «Манчестер Юнайтед» омода нест, ки ин бозигарашро раҳо кунад.
Ёдовар мешавем, ки Роналду аз соли 2021 инҷониб дар “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад. Шартномаи ӯ бо даста то соли 2023 баста шудааст.  Дар мавсими гузашта Роналду дар 38 бозӣ ба майдон баромада,  24 гол задааст.
Криштиану Роналду дар бозии навбатии дӯстона бо дастаҳои “Атлетико Мадрид” (30 июл) ва “Райо Валекано” (31 июл) бозӣ кардан намехоҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив