LIVE

Роналду ба "Реал" намеравад, ӯ дастаи дигарро ҷустуҷӯ дорад

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду то ҳол барои худ даста мекобад, Marca хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Роналду дастаеро меҷӯяд, ки дар Лигаи чемпионҳо бозӣ кунад. Аммо гуфта мешавад, ки ҳамлагари португалӣ ба "Реал Мадрид" барнамегардад. Клуби шоҳона ба бозгашти Роналду манфиатдор нест, ҳарчанд корро дар бозори трансфер қатъ намекунад.

Ёдовар мешавем, ки Роналду аз соли 2009 то соли 2018 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ карда, пас аз он ба “Ювентус” гузашт ва то соли 2021 дар ҳайати он бозӣ кардааст. Дар ҳамон сол ҳамлагари португалӣ ба "Манчестер Юнайтед" омад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив