LIVE

ПСЖ дарвозаи "Гамба Осака"-ро голборон намуд

Дастаи ПСЖ дар доираи машқҳои талимиву тамринӣ барои мавсими ҷадиди дар Ҷопон боз як вохӯрии дӯстонаи дигар баргузор кард. Фаронсавиҳо бо ҳисоби калон "Гамба Осака"-ро шикаст доданд. Голи аввали дидорро Пабло Сарабия ба самар расонид. Баъдан Неймар аз зарбаи пеналти ҳисобро афзун намуд. 2 дақиқа пас аз голи Неймар, Кейсуке Курокава голзанӣ намуда, натиҷаро тағйир дод. То ба танаффус рафтан ибтидо ҳиямотгар Нуно Мендеш ва баъдан Лео Месси як маротибагӣ голзанӣ карданд. Дар дақиқаи 60-ум Неймар аз паси Лео Месси истифода карда, голи дуюми худ ва панҷуми тимашро зад. Хирото Ямами баъди 5 дақиқаи ба майдон омаданаш маротибаи дуюм дарвозаи парижиҳоро дар ин дидор рахна кард. Нуқтаи охирро Килиан Мбаппе аз зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра гузошт. Ин чорумин бозии дӯстонаи ПСЖ дар кишвари самуроиҳо буд, ки онҳо дар ҳамааш зафар ёфтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив