LIVE

Бори аввал Неймар, Месси ва Мбаппе дар як бозӣ гол заданд

Ҳамлагарони "ПСЖ" Лионел Месси, Килиан Мбаппе ва Неймар дар як бозӣ бори аввал гол заданд.

Бозии даври 30-юми мусобиқоти қаҳрамонии Фаронса байни дастаҳои “ПСЖ” ва “Лорян” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж (Фаронса) бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо хисоби 5:1 ба фоидаи парижиҳо анҷом ёфт.

Неймар дар дақиқаи 12-ум пас аз паси Килиан Мбаппе ҳисобро боз кард. Баъдан худи Килиан гол зад.  Дар қисми дуюм ба бозигари мехмонон Теремас Моффи муяссар шуд, ки фарки хисобро кам кунад. Баъдан Мбаппе боз як гол зад. Дар дақиқаи 73-юм  Лионел Месси низ муаллифи гол шуд. Дар дақиқаҳои охир Неймар ба натиҷаи ниҳоӣ нуқта  гузошт – 5:1.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив