LIVE

Мбаппе ба ПСЖ ғалаба овард. Месси пеналтиро натавонист

Нахустин бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо байни дастаҳои ПСЖ ва “Реал Мадрид” баргузор шуд. Вохурй ба хисоби 1:0 ба фоидаи парижихо анчом ёфт. Дар дақиқаи 61-ум Даниэл Карвахал Килиан Мбапперо афтонид. Баъди ин ҳолат пеналтӣ таъин шуд. Лионел Месси ба тӯб наздик шуд ва кунҷи рости поёни дарвозаро нишон гирифт, аммо зарбаи ҳамлагарро дарвозабон - Тибо Куртуа рафъ кард. Дар дақиқаи 94-ум ҳамлагар - Килиан Мбаппе дастаашро ба пеш баровард. Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо байни дастаҳо 9-уми март дар Мадрид баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив