LIVE

Усмон Дембеле билохира бо "Барселона" шартномаи нав баст

Ҳамлагари "Барселона" Усмон Дембеле шартномаи худро бо дастаи каталонӣ тамдид намуд. Шартномаи нав байни ҳамлагари фаронсавӣ ва каталониҳо то тобистони соли 2024 эътибор дорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳамлагар, ки феълан дар мақоми агенти озод қарор дошт ва ба хотири бастани созишномаи нав аз маоши баланд даст кашидааст.  
Ёдовар мешавем, ки Дембеле ба бошгоҳи каталонӣ соли 2017 аз “Боруссия Дортмунд” гузашт. Дар мавсими гузашта футболбози 25-сола дар 21 бозии Ла Лига ба задани як гол ва 13 партофти головар даст ёфтааст. Аз соли 2016 Дембеле ба тими миллии Фаронса даъват шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив