LIVE

Усмон Дембеле бо маоши кам низ дар "Барселона" бозӣ мекунад

Ҳамлагар - Усмон Дембеле омодааст, ки барои дар «Барселона» боқӣ мондан маоши кам бигирад.  Ба гуфтаи ин манбаъ, Дембеле қарор буд тобистони соли ҷорӣ “Барселона”-ро тарк кунад, аммо Хави мехоҳад, ки ӯ дар даста бимонад. 
Усмон Дембеле аз “Боруссия Дортмунд” соли 2017 ба “Барселона” гузашт. Шартномаи ҳамлагар бо “Нилунориҳо” тобистон ба охир мерасад. Қаблан ҳамлагари фаронсавӣ аз тамдиди созиш бо каталониҳо худдорӣ карда буд. Дембеле 24-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Барселона” 28 бозӣ карда, ба задани 2 гол ва 11 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив