LIVE

Усман Дембеле ба назди Месси меравад

«Барселона» боварӣ дорад, ки Усмон Дембеле ба бошгоҳи «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса мегузарад, хабар медиҳад Diario Sport. Ба гуфтаи манбаъ, агенти бозигар ҳеҷ коре намекунад, ки фаронсавӣ дар “Барса” бимонад. Усмон дар клуб хушбахту роҳат аст, аз мавқеъи худ дар команда каноатманд аст, аммо шонс барои мондан дар клуб тамоман надорад. 
"Барселона" дар ин самт иқдоме нахоҳад кард. Агар Дембеле дар дастаи каталониҳо фаолият кардан хоҳад, пас худ бояд қадами аввалинр барои тамдиди шарнома гузорад ва ба роҳбарият муроҷиат кунад. Аммо клуб бовар дорад, ки ӯ ин корро намекунад. «Барса» итминон дорад, ки бозигар шартҳои шартномаро бо ПСЖ ба мувофиқа расонидааст.
Дембеле дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Барселона” дар тамоми мусобиқаҳо 21 бозӣ анҷом дода, ба задани ду гол ва 9 партофти головар муваффақ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив