LIVE

Дембеле ба дастаи «Ренн» мегузарад

Тими фаронсавии «Ренн» нақшаи гузариши ниммуҳофизатгари «Барселона» Усман Дембелеро таҳрезӣ мекунад. Ҳарчанд футболбози фаронсавӣ феълан ба табобат машғул асту охирҳои моҳи феврали соли оянда имкони ба майдон баромаданро дорад,  ба ин гиоҳ накарда, «Ренн»  ӯро дар ҳайати худ дидан мехоҳад. Баъд аз оне, ки ба даста Антуан Гризманн омад, мавқеъи Дембеле дар майдон танг шуд.  Ҳамчунин дар мавқеъи ӯ як чанд дастпаварони академияи барса низ ба ҳайати асосӣ ҷалб мешаванд. Футболбози фаронсавӣ ба «Ренн» ҳамчун бозикуни иҷоравӣ гузариш мекунад ва 70 фисади маоши ӯро дастаи «Барселона» медиҳад. «Ренн» имконияти иқтисодии пардохти маоши баландро надорад. Усман Дембеле дар мавсими ҷорӣ танҳо 5 маротиба ба майдон баромада, ба задани як гол даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив