LIVE

Гуфтушуниди "Барселона" бо Дембеле лағв шуд

«Барселона» ва Усмон Дембеле барои тамдиди шартнома сари мақсад омада натавонистанд.
Клуби каталонӣ  натавонист бо нимҳимоятгари 24-сола дар бораи шартҳои шартномаи нав ба мувофиқа ояд, музокирот бе натиҷа хатм шуд.
 Шартномаи феълии бозигари фаронсавӣ бо клуби мазкур то тобистони соли 2022 ҳисоб шудааст.  Ин маънои онро дорад, ки ӯ метавонад дар моҳи январ бо дастаҳои дигар гуфтушунид оғоз кунад ва дар тобистон ройгон тарки даста намояд.
Дембеле аз соли 2017 дар «Барса» бозӣ мекунад ва аз «Боруссия» Дортмунд гузашт.
Ин трансфер барои каталониҳо 105 миллион евро арзиш дошт, 40 миллиони дигар ҳамчун бонус дода шуд.
 Нимҳимоятгар дар ин мавсим дар панҷ бозии Ла Лига баромад намуда, як гол ҳам назадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив