LIVE

“Барселона” барои ду футболбоз клуби нав меҷӯяд

Тибқи иттилои Diario Sport, клуби каталонӣ  дар бораи гузариши ҳамлагари “Лион” - Мемфис Депай, ки моҳи январ ба “Барса” меравад, созиш кардааст.
Ҳамзамон каталонҳоро музди меҳнати бозигари ҳоландӣ мушкилӣ пеш овардааст. “Барселона” барои нимҳимоятгар Усмон Дембеле ва ҳамлагар Мартин Брайтвайт клубҳои нав меҷӯяд.
Хотиррасон менамоем, ки “Барса” мехост дар равзанаи трансферии тобистона Депайро ба даст оварад.  Аммо бо “Лион” дар бораи шартнома созиш карда натавонист.
Ин футболбози 26-сола дар ин мавсим дар 6 бозии Лигаи як 4 гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив