LIVE

“Ливерпул” Дембелеро ба иҷора гирифтанист

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп қасд дорад ҳамлагари "Барселона" Усмон Дембелеро ба назди худ биорад. Хабар медиҳад Sport.es.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи англисӣ мехоҳад хати ҳамлаи дастаи хешро боз ҳам тақвият диҳад ва бовар дорад, ки футболбози  фаронсавӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ин мушкили худро партаф созанд. Бо дарназардошти истеъдод ва суръати ӯ, Дембеле метавонад ҷойгузини хуб барои сегонаи хати ҳуҷуми сурхпӯшон бошад.
Хабар дода шуд, ки "Барселона" мехоҳад Дембеларо фурӯшад ва онро тақрибан 56 миллион евро арзёбӣ мекунад. Бино ба гузоришҳои расонаҳо, клуби мазкур мехоҳад дар ин равзанаи трансферӣ аз як чанд футболбози нолозими худ ҷудо шавад.
Дембеле моҳи августи соли 2017 аз “Боруссия” Дортмунд ба “Барселона” гузариш намуда буд. Дар мавсими гузашта, ҳамлагар дар чемпионати Испания ҳамагӣ 5 бозӣ гузаронида, муаллифи 1 гол гардидидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив