LIVE

Луис Суарес бозигари дастаи навкори Серияи А мешавад

Дастаи навкори Серияи А “Монтса” ҳамлагари соҳибном  - Луис Суаресро ба Италия даъват намудааст. 
Қайд карда мешавад, ки директори генералӣ Адриано Галлиани шахсан бо Суарес тамос гирифта, бо ӯ имкони гузариш ба “Монтса”ро баррасӣ кардааст.
Хотирасон мекунем, ки айни замон Суарес агенти озод аст ва барои худ дастаи нав мекобад. Дар мавсими гузашта ӯ дар ҳайати “Атлетико Мадрид” бозӣ карда, дар тамоми мусобиқаҳо 45 бозӣ анҷом додааст. Дар ин муддат ӯ ба дарвозаи рақибон 16 гол задааст. 
Тибқи маълумоти Transfermarkt, арзиши форварди 35-сола дар айни замон 8 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив