LIVE

Мане сабаби аз «Ливерпул» ба «Бавария» гузаштанашро гуфт

Ҳамлагари 30-солаи сенегалӣ Садио Мане сабабҳои аз «Ливерпул» ба «Бавария» гузаштанашро баён намуд.
“Пешниҳодҳо зиёд буданд, вале ман писари кучак нестам. Аён аст, ки ман чӣ мехоҳам ва варзишгари касбӣ ҳастам, аз ин рӯ кӯшиш кардам, ки дар мавсим дар бораи ояндаи худ фикр накунам, зеро он вақт бозигари “Ливерпул” будам ва мо бозиҳои хеле муҳим доштем. Ман намехостам дар бораи овозаҳо бештар фикр кунам, зеро ғолиб шудан дар Лигаи Чемпионҳо ва Премйер Лига барои ҳама муҳим буд. Аз ин рӯ, ҳатто дар бораи тахминҳои ВАО  шарҳ надодаам, зеро ин як ҷузъи футбол аст, ҳамеша ҳамин тавр хоҳад буд. Ин хуб аст.
Баъд аз анҷоми мавсим ба роҳбарият гуфтам, ки мехоҳам дастаро тарк кунам, мехоҳам ба ҷои дигар равам, то дар зиндагӣ таҷрибаи нав бигирам, танҳо бо ин тарз ман метаонам, худро рушду инкишоф диҳам” гуфтааст Мане.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив