LIVE

Садио Мане: "Рӯзи шанбе қарори худро бобати ояндаам эълон мекунам"

Ҳамлагари “Ливерпул” Садио Мане ваъда дод, ки дар бораи ояндаи худ баъд аз бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо “Реал Мадрид” тасмим мегирад.

— Фикр мекунам, ки акнун ба шумо танҳо як ҷавоб дода метавонам: тамоми диққатамро ба бозии дарпешистодаи рӯзи шанбе равона кардаам. Ин ҷавобест, ки ман бояд пеш аз финал диҳам. Рӯзи шанбе баргардед ва ман ба шумо беҳтарин ҷавоберо медиҳам, ки шунидан мехоҳед. Он махсус хоҳад буд. Ман шамон ҷавоберо медиҳам, ки мехоҳед бишнавед. Рӯзи шанбе ваъда медиҳам. Ҳоло биёед диққати худро ба ғолибият дар Лигаи Чемпионҳо равона кунем, зеро ман барои чизи дигар вақт надорам. Ман тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам, то ғалаба кунем, зеро ин орзуи аз ҳама азизи ман ва дигар бачаҳои мост. - гуфт Мане

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив