LIVE

Бэйл дар бораи рафтанаш аз "Реал" чӣ гуфт?

Ҳамлагари тими “Тоттенҳэм” - Гарет Бэйл, ки бозигари “Реал Мадрид” маҳсуб меёбад, бори аввал дар бораи гузаришаш аз тими шоҳона ба дастаи дигар ҳарф зад. 
«Ман аз чизе пушаймон нестам. Танҳо кӯшиш мекунам, ки футбол бозӣ кунам, ҳама гуфтаҳое, ки дар атрофи номам давр мезанад, наметавонам назорат кунам. Ҳар нафаре чӣ ақида ва чӣ назар дорад, ин мушкилоти худи ӯст.  Ман фикри худро дорам. Оилаам кӣ будани маро медонад ва танҳо дар ин бора ғамхорӣ мекунам.
Ба кишвари дигар бо фарҳанги дигар рафтан, ман бояд ҳамчун як шахс ба воя расам. Шумо мефаҳмед, ки чӣ гуна ҳолатҳоро ҳал кардан мумкин аст. Ман худро зери фишори ҷиддӣ қарор додам. Онҳо аз канорҳои майдон ба суроғаи ман ҳуштак кашиданд. Ҳамин тавр ман фаҳмидам, ки чӣ гуна бо ин чизҳо муносибат кунам, на он қадар ҷиддӣ ба дил наздик қабул мекунам. Футбол он чизест, ки ман дӯсташ медорам. Танҳо бояд худамро ба бозӣ диҳам. Ин ягона коре мебошад, ки анҷом додан мехоҳам", - иқрор шудааст Бейл ба сомонаи  Sky Sports.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив