LIVE

"Ҳеҷгоҳ магӯ ҳаргиз!"-ҷавоби Зидан бобати ба "ПСЖ" рафтанаш

Мутахассиси 49-солаи фаронсавӣ Зинедин Зидан ба саволе, ки оё вай ягон вақт метавонад дастаи ПСЖ-ро сарварӣ кунад, ҷавоб гуфт.

"Ҳеҷгоҳ магӯ ҳаргиз! Ман ҳамчун сармураббӣ ба 50 клуб рафта наметавонам. Танҳо ду ё се имкон вуҷуд дорад",-гуфт Зидан. 

Ёдовар мешавем, ки Зинедин Зидан аз тобистони соли 2021, аз замони тарки “Реал”-и Мадрид карданаш бидуни даста аст. Бо ин дастаи Испания мутахассиси фаронсавӣ соҳиби 11 ҷоиза шуд.

Қаблан президенти ПСЖ Носир Ал-Хелайфӣ гуфта буд, ки бошгоҳ бо собиқ сармураббии тими “Реал Мадрид” Зинедин Зидан музокира накардааст. Сармураббии феълии бошгоҳ мутахассиси аргентинӣ Маурисио Почеттино мебошад. Хабар дода шуда буд, ки мураббӣ ба зудӣ дастаи Парижро тарк мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив