LIVE

Сабаби рад шудани пешниҳоди “МЮ” аз ҷониби Зидан маълум шуд

Сармураббии собиқи “Реал Мадрид” Зинедин Зидан ба “Манчестер Юнайтед” ҷавоби рад додааст ва гуфтааст, ки нияти роҳбарии дастаро надорад. Қаблан маълумоте мавҷуд буд, ки мураббии фаронсавӣ яке аз довталабони асосии курсии холӣ пас аз барканории Оле-Гуннар Сулшер аст.
Қайд карда мешавад, ки Зидан бо роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» сӯҳбат карда, тасмимашро эълон кардааст.
Собиқ футболбози беҳамто дар Англия кор кардан намехоҳад, зеро забони англисиро ба қадри кофӣ намедонад. Илова бар ин, занаш хоҳиши дарМанчестер зидагӣ карданро надорад.
Дар ин раванд Зидан имкон дорад, ки роҳбарии ПСЖ-ро ба уҳда бигирад. Парижиҳо хоҳиши ҷалби ин коршиносро доранд, зеро кори Маурисио Почеттино онҳоро қонеъ накардааст. 
Бар ивази Зидан мутахассиси аргентинӣ метавонад, ки сармураббии "МЮ" шавад. 
Зидан дар охири мавсими гузашта “Реал Мадрид”-ро тарк кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив