LIVE

Зидан барои идомаи фаъолият дастаи ояндаашро интихоб кард

Мураббии собиқи “Реал Мадрид” - Зинедин Зидан каме танаффус хоҳад кард. Мутахассиси фаронсавӣ намехоҳад дар ягон клуб кор кунад, аммо ният дорад дар оянда тими миллии кишварашро роҳбарӣ кунад. Зидан бесаброна интизор мешавад, ки вазифаи мураббии тими миллии Фаронса холӣ шавад ва масъулияти роҳбарии онро ба дӯши ӯ вогузор мекунанд. Шартнома бо сармураббии феълии даста Дидйе Дешам то моҳи июни соли 2022 амал мекунад. Қаблан Зидан пешниҳоди “Ювентус” ва “ПСЖ”-ро қабул накарда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив