LIVE

Зидан дар 49 солагӣ бобо шуд

Сармураббии собиқи тими “Реал Мадрид” Зинедин Зидан дар синни 49-солагӣ бобо шуд.

Писари калонии мутахассиси фаронсавӣ Энтсо ва ҳамсараш Карен Гонсалвес соҳиби духтар шуданд. Номи духтарашонро Сиа гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки Энтсо Зидан дар бошгоҳи «Родез»-и Фаронса, ки дар лигаи дуюми кишвар баромад мекунад, ҳунарнамоӣ менамояд. Зидан боз се писар дорад - Лука, Эляс ва Тео.

Зинедин Зидан аз тобистони соли 2021, аз замони тарки "Реал Мадрид" бе даста аст. Бо дастаи Испания мутахассиси фаронсавӣ соҳиби 11 ҷоиза шуд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар тобистон мутахассиси фаронсавӣ метавонад сармураббии дастаи ПСЖ шавад. Сармураббии феълии бошгоҳи Париж аз моҳи январи соли 2021 аргентинӣ Маурисио Почеттино мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив