LIVE

Почеттино муҳлати барканории худро аз ПСЖ эълон кард

Роҳбарияти дастаи «Пари Сен-Жермен» ба сармураббии даста Маурисио Почеттино дар бораи замони барканориаш аз даста хабар доданд. Ба мутахассиси аргентинӣ огоҳ карда шудааст, ки дар поёни мавсим кори ӯ ба ҳайси сармураббии парижиҳо ба анҷом мерасад. Ин гуфтаҳо баъд аз он расонаӣ шуд, ки даста дар даври 8/1 ниҳоӣ аз рақибаш шикаст хурда, имкони ба даст овардани Ҷомро аз даст дод. Почеттино клубро моҳи январи соли 2021 ба ӯҳда гирифт. Зинедин Зидан сармураббии нави парижихо гуфта мешавад.  Зидани 49-сола аз тобистони соли 2021, пас аз тарки “Реал Мадрид” бе клуб аст. Бо дастаи испанӣ мутахассиси фаронсавӣ соҳиби 11 ҷоиза шуд. “Пари Сен-Жермен” дар мавсими 2021/2022 дар Лигаи 1-и Фаронса бо 53 имтиёз баъди 22 бозӣ дар ҷои 1-ум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив