LIVE

Почеттино аз "ПСЖ" қатъи ҳамкориро талаб дорад

Тибқи гузориши Goal, сармураббии "Пари Сен-Жермен" Маурисио Почеттино аз роҳбарияти клуби парижӣ хостааст, ки шартномаро як сол пеш қатъ кунад.
Ҳанӯз як сол муҳлати қарордод миёни мутахассиси аргентинӣ бо "ПСЖ" боқӣ мондааст.

Почеттино ҳадафи асосии "Реал Мадрид" мебошад. Илова бар ин, "Тоттенхэм Хотспур" мехоҳад мутахассисро ба даста баргардонад.
Ёдовар мешавем, ки 27 май "Реал" расман аз "Реал Мадрид"" рафтани Зинедин Зидан хабар дод. Дар аввал Массимилиано Аллегри номзади асосӣ ба вазифаи сармураббӣ буд, аммо мураббӣ амалан розӣ шуд, ки ба "Ювентус" баргардад ва мадридиҳо диққати худро ба Почеттино равона карданд. Ғайр аз Почеттино, "Реал" номзадии Антонио Конте ва Раулро низ баррасӣ мекунад.

Почеттино аз соли 2014 то 2019 "Тоттенхэм"-ро роҳбарӣ мекард ва қаблан сармураббии “Саутгемптон” ва “Эспанйол” буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив