LIVE

Зидан боз ба курсии сармураббигӣ менишинад

Сармураббии собиқи дастаи "Реал" - Зинедин Зидан шуруъ аз мавсими ҷадиди футбол дастаи "Пари Сен-Жермен" ба уҳда мегирад. Дар ин бора Sport.es. навиштааст. 
Ба иттилои манбаъ, мутахассис дар бораи шартҳои шартномаи худ бо парижиҳо ба мувофиқа расидааст ва тобистон сарварии дастаро ба гарден мегирад.  Раҳбарияти ПСЖ ба сармураббии феълии даста Маурисио Почеттино бовар надорад, бинобар ин онҳо ба мураббии фаронсавӣ муроҷиат кардаанд.
Зидани 49-сола аз тобистони соли 2021, аз замони тарки “Реал Мадрид”, бе кор буд. Бо дастаи испанӣ мутахассиси фаронсавӣ соҳиби 11 ҷоиза шуд.
“Пари Сен-Жермен” дар 19 бозӣ 46 хол ба даст оварда, дар ҷадвали Лигаи 1-и Фаронса дар мавсими солҳои 2021/2022 дар ҷои 1-ум қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив