LIVE

Маросими қуръакашии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор шуд

17-уми июн дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи асосии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор шуд.

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ дар бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022, ки рӯзҳои 6-ум ва 7-уми август баргузор мешаванд, «Истиқлол» – «Моҳир», «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), «Эсхата» – «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ» – КМВА, «Саройкамар» – «Ҳулбук», «Хатлон» – «Истаравшан», «Динамо» – «Файзканд» ва «Куктош» – «Хуҷанд» бо ҳам вомехӯранд.

Мисли соли гузашта бозиҳои даври 1/8 ва 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозигӣ ва ниманиҳоӣ аз ду бозигӣ (дар хона ва сафар) иборат мебошанд.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Агар қаҳрамон ё ноибқаҳрамони Тоҷикистон  соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали биринҷии Лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022
1/8 ниҳоӣ
6-7 август (шанбе, якшанбе)
«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)
«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)
«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе)
«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)
«Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан)
«Динамо» (Душанбе) – «Файзканд» (Восеъ)
«Куктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив