LIVE

Ҷуфтҳои 1/8 ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон – 2021

Бозиҳои марҳилаи пешакии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2021 баргузор шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо ҳамаи дастаҳои марҳилаи 1\8 финали мусобиқа маълум гаштанд. 
Дастаҳои лигаи якуми мамлакат – «Моҳир», «Саройкамар», «Панҷшер», «Ҳулбук», «Пахтакор» ва «Регар-ТадАЗ» ба даври баъдии Ҷоми миллӣ роҳ ёфтанд. Дар ин марҳилаи мусобиқа ба шаш дастаи лигаи якум даҳ дастаи лигаи олии Тоҷикистон ҳамроҳ мешаванд. Қуръакашии бозиҳои 1\8 финали Ҷоми миллӣ-2021 дертар баргузор хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки ғолиби Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2021 соҳиби роҳхат ба бозиҳои Ҷоми КФО-2022 мешавад. Дар сурати қаҳрамон ва барандаи Ҷоми миллӣ шудани як даста, дар Ҷоми КФО-2022 ҷоизадори медалҳои биринҷии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 иштирок менамояд.
Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2021
Марҳилаи пешакӣ
«Регар-ТадАЗ» – «Исфара» – 11:0
Голҳо: Фирӯз Қараев, 5 – аз пеналти (1:0). Шӯҳрат Элмуродов, 16 (2:0). Парвиз Бахтиёрзода, 19 (3:0). Алишер Шарипов, 21 (4:0). Шавкати Ҳотам, 27 (5:0). Акбар Бобомуродов, 30 (6:0). Шерзод Маҳамадиев, 37 (7:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 43 (8:0). Азизбек Хаитов, 54 (9:0). Акбар Бобомуродов, 68 (10:0). Амин Эргашев, 85 (11:0).
«Моҳир» – «Барқчӣ» – 1:0
Гол: Акмал Зулпалиев, 1.
«Саройкамар» – «Ваҳдат» – 3:2
Голҳо: Умедҷон Азизов, 26 – аз пеналти (0:1). Фаридун Нарзуллоев, 37 (0:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 61 (1:2). Мунис Расулов, 73 (2:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 90+3 (3:2).
«Панҷшер» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:0
Голҳо: Шавкат Худойназаров, 65 – аз пеналти (1:0). Шавкат Худойназаров, 75 (2:0).
«Динамо» – «Ҳулбук» – 1:3
Голҳо: Амирҷон Алихонов, 21 (0:1). Гурез Аслонов, 41 (0:2). Самариддин Расулов, 88 (0:3). Фахриддин Аҳтамов, 90+2 (1:3).
«Пахтакор» – «Ҳосилот» – 3:2
Голҳо: Баҳриддин Муҳиддинов, 10 (1:0). Исроил Сомон, 20 (1:1). Далер Шарипов, 50 (2:1). Хайрулло Азизов, 58 (2:2). Фарҳодҷон Бобоев, 108 (3:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив